ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Кормандони милитсия марди 34 - сола, сокини шаҳри Душанберо дастгир намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ гумонбар дониста мешавад.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур санаи 7 - уми июл дар манзили истиқоматии гумонбаршуда рух додааст.
"Номбурда соати 19:30 дақиқа дар хонаи истиқоматияш дар ҳолати мастӣ бо хоҳарбузурги 36 - солаи худ муноқиша карда, 2-маротиба бо дастонаш ба сару рӯи ҷабрдида задааст", - таъкид мешавад дар хабар.
Куштор дар Вахш: писар ба хотири ҳамсари худ падарашро бо қарабоӣ зада кушт
Дар натиҷа марҳум ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, номбурда қаблан низ тибқи моддаи 224 Кодески ҷиноятии Тоҷикистон суд шуда буд.
Феълан аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.