Шавҳар кардан мехоҳем: эътирози арӯсшавандаҳо барои манъи баргузории маросими тӯй

Арӯсшавандаҳо аз ҳукумадорон талаб намудаанд, то қарори манъ намудани маросими баргузории тӯйро, ки дар пасманзари авҷи маризии коронавирус ҷорӣ гардида шуд, лағв намоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Дасти кам 15 нафар арӯсшаванда дар Италия, ки маросими тӯйи онҳо ба хотири авҷи маризии коронавирус ба вақти дигар гузаронда шуд, даст ба эътироз заданд, хабар медиҳад The Daily Mail. 

Ду тӯй дар як хонавода: арӯс ва 12 меҳмон мубталои коронавирус шуданд

Ба иттилои манбаъ, духтарон либоси арӯсиро ба бар намуда дар назди фаввораи Треви дар маркази Рим гирд омаданд то нигаронии худро дар робита ба манъ будани баргузории маросими арӯсӣ иброз кунанд.

Эрон: пас аз баргузории тӯй 50 кас ба коронавирус гирифтор шуданд

Зимнан, ба сафи арӯсшавандаҳо кормандони ташкилотҳое, ки маъракаи арӯсиро сомон медиҳанд пайвастанд ва то бинои парлумон роҳпаймоӣ намуданд.

Арӯсшавандаҳо дар даст шиорҳо бо навиштаҷоти "Тӯйҳо бидуни маҳдудият", "Шумо издивоҷи моро қатъ кардед", "Дари калисо барои баргузории тӯйро бастед", доштанд.

"Ман эътироз мекунам, зеро мехоҳам издивоҷ кунам! Тӯйи ман то соли оянда мавқуф гузошта шуд, дар ҳоле, ки ман аллакай ҳама чизро бо  рӯҳонӣ муҳокима карда будам. Аммо бо роҳбарияти тарабхона ва кошонаи ҳусн ба мувафиқа омада натавонистам", - афзудааст яке аз эътирозгарон.

Арӯсшавандаҳо дар сӯҳбат ба The Daily Mail изҳор доштаанд, "аз он ҳарос доранд, ки домодҳо то ин муддат фикри худро дар бораи издивоҷ намудан бо онҳо дигар мекунанд".