Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 46 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, шумораи гирифторони коронавирус аз 30 апрел то 9 июл ба 6 ҳазору 410 нафар расид.

Шавҳар кардан мехоҳем: эътирози арӯсшавандаҳо барои манъи баргузории маросими тӯй

Манбаъ афзуд, то имрӯз дар мамлакат 5067 нафар ё худ 79%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 54 нафар фавтидаанд.

"Шабонарӯзи охир 210 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 56 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - омадааст дар иттилоияи расмӣ. 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон илова намуд, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.

Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд, таъкид кард манбаъ.