ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Вазорати умури хорҷиии Тоҷикистон аз парвози вижаи ширкати "Сомон эйр" дар масири Душанбе-Дубай-Душанбе хабар медиҳад.
"Вазорати корҳои хориҷӣ ба таваҷҷуҳи ҳамватанони муқими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мерасонад, ки ба мақсади ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони Точикистон тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 июли соли 2020 парвози чартерии ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар масири Душанбе-Дубай-Душанбе ба нақша гирифта шудааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ таъкид карда, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирӣ метавонанд ба намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ дар АМА муроҷиат намоянд.
Фаврӣ: 13 парвози дигар аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи июл - ҷадвали парвозҳо
Вазорати корҳои хориҷӣ барои тамоси мустақим ва маълумоти иловагӣ дар торномааш рақамҳои телефони Сафорати Тоҷикистон дар Абу-Забӣ ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубайро навиштааст.