ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Расонаҳои Қазоқистон гузориш медиҳанд, ки шумораи шаҳрвандони хориҷӣ дар марзи Қазоқистон, наздики гузаргоҳи "Жибек жоли" то рафт зиёд мешвад ва феълан ба 3 ҳазор нафар расидааст.
Намояндаи мақомоти маҳаллӣ гуфтааннд, ки барои муҳоҷирон аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мувофиқи қудраташон кӯмак мерасонанд, аммо то рафт ҳамаи онҳоро бо маводи ниёзи аввал таъмин кардан, мушкилтар мешавад.
Барои тоҷикистониён ва ӯзбекистониҳо хаймаву хӯрока ва оби ошомиданӣ муҳайё карда мешавад, аммо бо далели то рафт бисёр шудани муҳоҷирон, ин кӯмак ба ҳама намерасад.
Дар Инстаграм аксҳое нашр шудаанд, ки гуфта мешавад, муҳоҷирони мазкур дар замин хоб мекунанд.
"Ҷанҷолҳои оммавӣ сар мезананд. Марзбонон аллакай бо автомат меистанд. Марзро ҳамагӣ барои чанд соат боз мекунанд ва одамон девонавор кӯшиш мекунанд, ки гузаранд. Об ва маҳсулотро аз мағозае мехаранд, ки наздик аст, аммо се баробар гаронтар фурӯхта мешавад", - навиштааст муаллифи акс."
Вазъ бо далели баста будани марз ва надоштани имконияти техникӣ барои аз ташхиси коронавирус гузаронидани ҳамаи ҳозирон мушкилтар мешавад.
Тоҷикистон шаҳрвандонашро ба воситаи Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират ба ватан бармегардонад, аммо ин танҳо пас аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ муяссар мешавад.
Вазорати умури хориҷи Тоҷикистон аз ҳамватанон даъват меорад, ки дар марзҳо ҷамъ нашаванд: ба мақомотҳои давлатӣ овардани онҳо ба воситаи парвозҳои махсус осонтар даст медиҳад, то онҳоеро, ки дар марзҳо ҷамъ мешаванд.