ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. "Тоҷикстандарт" дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми шаш моҳи соли равон дар бозору мағозаҳо ва муассисаҳои хӯроки умумӣ 344 адад санҷиш гузаронидааст. Дар натиҷа, барои риоя накардани қонунҳои амалкунандаи соҳа нисбат ба 254 нафар соҳибкор ҷазои маъмурӣ таъйин намудааст.
Тибқи иттилои Зафар Мирзонаботов, мудири шуъбаи нозироти савдои Раёсати "Тоҷикстандарт" дар вилоят аз 344 санҷиши гузаронидашуда 285 адад ба нуқтаҳои савдо, 30 адад ба муассисаҳои хӯроки умумӣ, 15 адад ба маҳсулоти нафтӣ рост меоянд.
Ҳамчунин дар давоми шаш моҳ кормандонии шуъба 72 маротиба харидҳои санҷишӣ баргузор карда, 6 бор тарзи нигоҳдории маҳсулоти хӯрока дар анборхонаҳо мавриди санҷиш қарор доданд.
"Нисбат ба 254 нафар соҳибкор ба маблағи 58 ҳазору 812 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуд. Нисбат ба 106 соҳибкоре, ки ҳуқуқи истеъмолкунандагонро вайрон намуданд, ба маблағи 36 ҳазору 192 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуд. Аз ин миқдор 32 ҳазору 538 ҳазор сомонӣ пардохт шуда, 22 ҳазору 620 сомонӣ ҳанӯз пардохт нашудааст", — афзудааст Зафар Мирзонаботов.
Тоҷикстандарт": воридоти маҳсулоти хӯрока аз Чин пурра қатъ шудааст
Ба гуфтаи масъулини шӯъбаи нозироти савдои Раёсати "Тоҷикстандарт" дар вилоят, давоми шаш моҳи соли равон аз бозор, дӯкону мағозаҳои ҳудуди вилоят 197 намунаи маҳсулоти гуногуни хурока барои ташхис ба озмоишгоҳи раёсати мазкур пешниҳод гардида, баъди санҷиш маълум гардид, ки аз нисф штари он, аниқтараш 142 намунаи он ба меъёрҳои стандартикунонӣ ҷавобгӯ нест.