Раис аз дасти коргар фиреб хурд: боздошти корманди ширкати “Афзалият-Групп” барои қаллобӣ

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 28-сола, ки дар содир намудани кирдори қаллобӣ гунаҳгор дониста мешавад, хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳангоми як амалиёти махсус аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки дар ширкати “Афзалият-Групп” фаъолият мекардааст, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 

Ваъда дод аз Латвия “Мерседес” меорад: боздошти марди 38-сола барои қаллобӣ

Манбаъ таъкид кардааст, ки номбурда, санаи 25-уми марти соли 2019, бо роҳи фиреб ба боварии директори ҶДММ-и мазкур зани 36-солаи сокини ҳамин пойтахт даромада, ба маблағи 119 ҳазор 715-сомонӣ шоколадҳои “Рошен”-ро гирифта, ба мағозаҳо фурӯхта маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Дар ҳамин ҳол, масъулини Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар доданд, ки аз рӯи ин ҳодисаи маҳзкур тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки ширкати истеҳсоли шоколади “Рошен” марбут ба соҳибкор ва ҳамакнун соби раисҷумҳури Украина Петро Прошенко аст, ки дар пайи ҳодисаҳои ахири Украина Русия воридоти ин шоколадҳоро ба кишвараш манъ кард.

Русия дар гузашта сабаби манъи онро дар мавҷуд будани моддаи ба саломатӣ зараровар дар таркиби ин шоколадҳо унвон мекард.