Маъмурияти дипломатии сафири Итолиё дар Тоҷикистон ба анҷом расид

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ба Андреа Бертотсӣ барои саҳми арзандааш дар тақвияти ҳамкории дуҷониба миннатдорӣ баён намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Маъмурияти дипломатии сафири Итолиё дар Тоҷикистон ба анҷом расид, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Оғози кумак ба Итолиё: ҳавопаймои “Сомон эйр” бо парвози махсус ниқобҳои тиббӣ бурд

Бино бар иттилои манбаъ, чанде пеш муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо сафир мулоқот кардааст.

"Мулоқоти видеоии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Сафири Ҷумҳурии Италия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар Тошканд Андреа Бертотсӣ бино бар ба поён ёфтани маъмурияти дипломатиаш барпо гардид", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, Музаффар Ҳусейнзода ба Андреа Бертотсӣ барои саҳми арзандааш дар тақвияти ҳамкории дуҷониба миннатдорӣ баён намуд.

Зимни гуфтугӯ ҷонибҳо инчунин аҳаммияти баргузории чорабиниҳои банақшагирифташуда, аз ҷумла вохӯриҳо дар сатҳи олӣ ва баландро, пас аз ба эътидол омадани вазъи ҷаҳон бар асари вобаста ба ҳамагирӣ таъкид карданд.