Барои муайян кардани хисороти заминларза гурӯҳи корӣ ба Тоҷикобод рафт

Бар асари заминларзае, ки санаи 4 июли соли равон дар Тоҷикистон рух дод, чанд хона дар деҳаи дараи Нушори ноҳияи Тоҷикобод зарар дидаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, барои омӯзиши вазъ ва арзёбии зарари расида аз заминларза гурӯҳи корӣ, иборат аз кормандони ин ниҳод, Академияи илмҳо, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистон, ба деҳаҳои зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод сафар карданд.

Заминҷунбӣ дар Тоҷикобод: чанд манзили сокинон хароб шуд

Ҳоло комиссияи ҳолатҳои фавқулодда, ки дар маҳалли ҳодиса фаъолият дорад, зарари расидаро ба хонаҳои истиқоматии сокинони ҷамоати Нушор, деҳаҳои Ширинчашма, Сари Най ва Себистон, Ғанишоб ва Сафедоб таҳлил хоҳад кард.

Манбаъ қайд кардааст, ки бар асари заминларза дар ин деҳаҳо манзили баъзе сокинон қисман зарар дидаанд.

Аъзои ҳайати гурӯҳ бо сокинон мулоқот анҷом доданд. Дар ҷараёни суҳбатҳо андешаву пешниҳоди сокинон барои зудтар бартараф кардани оқибатҳои заминларза шунида шудаст.

Ёдрас мешавем, ки санаи 4 июл, дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти Идораи зилзиласанҷии мамлакат, маркази ин заминларза дар 201 километрии қисмати шимолу шарқии шаҳри Душанбе, дар қаламрави ноҳияи Тоҷикобод буд.Қувваи заминларза дар маркази он 5 ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.

Манбаъ қайд кардааст, ки ҷараёни корҳои барқарорсозӣ пурра зери назорати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон қарор дорад.