ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Дар бораи ин ҳодисаи мудҳиш нашрияи "Фараж" бо нашри видео аз ҷои ҳодиса хабар додааст.
Ба иттилоъи манбаъ дар натиҷаи ба дарё фурӯ рафтани "Тойота Кемрӣ" ду корманди РКҶ ВКД ҷароҳат бардоштаанд. Ҳодисаи мазкур соатҳои 16: 30 дақиқаи рӯзи гузашта дар мавзеи Пете дар ноҳияи Айнӣ рухдодааст.
"Вазъи саломатии милисаҳо хуб аст, аммо ҷустуҷӯкунандаҳо нақлиёти ба дарё афтодаро наёфтанд. Гӯё кормандони милиса бо худ яроқи хизматӣ доштаанду аз даст додани он соҳибонашонро бештар нигарон кардааст", - гуфтааст як шоҳиди ҳодиса.
Садамаи маргбор: мошин ба канори роҳ чаппа шуд
Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи ВКД дар суҳбат ба "Фараж" хабари ба дарё чаппа шудани кормандони ин ниҳодро тасдиқ карда, вале бо худ доштани яроқ ва ба дарё гум кардани онро рад намудааст.
"Чарх кафидаасту мошин ба дарё рафтааст. Кормандон худашон аз об берун баромадаанд. Танҳо як нафар аз қабурғааш осеб дидааст", - иттилоъ додааст Маҳмадзода.
Ин манбаъ аз бурдани ному насаби зарардидаҳо худдорӣ намуда, гуфтааст ҷустуҷӯи воситаи нақлиёт дар Фондарё ҳануз идома дорад.