Таъмини деҳаи Баравун бо оби нӯшокӣ бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ аз таъмини деҳа Баравуни ноҳия бо оби нӯшокӣ хабар додаанд, ки арзиши лоиҳа 1,5 миллион сомониро ташкил додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik.  Дар деҳаи Баравуни ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ дарозтарин хати оби нӯшокӣ ба истифода дода шуд, иттилоъ дод хабаргузории “Ховар”.

Фавти 198 мариз давоми як рӯз: омори тозаи коронавирус дар Русия

Ба иттилоли манбаъ, дарозии хати оби нӯшокӣ 14 км буда, 62 нуқтаро дар бар мегирад.

Дар маросими ифтитоҳи хати оби нӯшокӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим ва намояндагони шарикони рушд иштироку сухан карданд.

“Зикр гардид, ки арзиши лоиҳавии иншоот якуним миллион сомонӣ буда, саҳми мардум дар бунёди он назаррас мебошад.  Хати оби нӯшокӣ бо усули муосир сохта шуда, барои сарфаи дурусти об ҳисобкунакҳо васл карда шудаанд”, - омадааст дар иттилоия..

Зикр шуд, иншооти мазкур дар доираи Барномаи рушди манотиқи кӯҳистон оид ба таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд мавриди истифода қарор гирифт.