Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 53 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, аз 30 апрел то 7 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6 ҳазору 315 нафар расид. 

Нишондоди бесобиқаи марги беморон аз COVID- 19 дар Эрон тайи як шабонарӯз

Манбаъ афзуд, ки то кунун дар мамлакат 4965 нафар ё худ 78,4%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, дар муддати зикргардида аз ин беморӣ 53 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамчунин хабар медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир 220 нафар гирифторони эҳтимолӣ зери назорати табибон қарор дошта, 51 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Мақомоти тандурустии Тоҷикистон гузориш медиҳанд, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд, афзуд манбаъ.