ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тайи шабонарӯзи гузашта 200 нафар аз гирифторони COVID- 19 фавтиданд, ки болотарин нишондод аз замони оғози ҳамагирии корона то кунун мебошад.
Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба COVID- 19 дар ин кишвар ба хабарнигорон гузориш дод.
“Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 637 бемори ҷадиди мубтало ба COVID- 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 1 ҳазору 455 маврид бистарӣ шуданд ва ба абқияи беморон низ хадамоти дармонӣ ироа шуд”, - хабар дод радиои тоҷикии Садои Хуросон аз Лорӣ.
Манбаъ афзуд, маҷмӯи беморони COVID- 19 дар Эрон ба 245 ҳазору 688 нафар расидааст, ки аз ин теъдод то кунун 207 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд.
“Дар 24 соати гузашта 200 нафар аз беморони COVID- 19 ҷони худро аз даст додаанд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 11 ҳазору 931 нафар расид”, - омадааст дар иттилоия.
Теъдоди афроди мубтало ба COVID- 19 дар ҷаҳон низ ба беш аз 11 миллиону 740 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод ҳудуди 540 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва дасти кам шаш миллиону 736 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфтаанд.