Имтиҳонсупорӣ дар замони коронавирус: ММТ санаи эълони хол ва балҳоро гуфт

Имтиҳони дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон дар шароити паҳншавии коронавирус бо риоя намудани як қатор тадбирҳои иловагӣ сурат гирифт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Маркази миллии тестӣ аз баргузор шудани имтиҳонҳои дохилшавӣ барои довталабони соли ҷорӣ хабар дод, хабар медиҳад агентии "Ховар".

ММТ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд: киҳо аз пардохти хизматрасонӣ озоданд

Ба иттилои манбаъ, мувофиқи ҷадвали муқарраршуда аз 1 то 7 июли соли равон дар 48 маркази имтиҳоние, ки тибқи рӯйхати тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ташкил карда шудаанд, даври асосии имтиҳонҳо баргузор гардид.

Навбатҳои тӯлонӣ дар Хуҷанд: оғози имтиҳонҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия - акс

Манбаъ меафзояд, эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) имсол 19 июл ба нақша гирифта шудааст.

"Даври асосии имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – қисми А барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вобаста аз ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо, тибқи ҷадвали баргузории имтиҳонҳо (даври асосӣ), то 6 июл идома ёфта, довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – қисми Б-ро дар даври асосӣ имрӯз, 7 июл месупоранд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, дар шароити паҳншавии бемории COVID-19, даври имтиҳонсупорӣ бо риоя шудани як қатор тадбирҳои иловагӣ ба нақша гирифта шуд.

Аз ҷумла, ҳар як маркази имтиҳонӣ бо мавод ва воситаҳои зарурӣ тибқи талаботи санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ таъмин карда шуд. Дар ҳар як маркази имтиҳонӣ иловатан як корманди техникӣ барои анҷом додани корҳои безараргардонӣ (дезинфексия) ҷалб гардидадааст.

Баъди артиш дохилшавӣ ба донишгоҳ осонтар мешавад: имтиёзи ММТ ба хизматкардаҳо

Гузашта аз ин, мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таъмини шаффофият ва назорати раванди имтиҳонҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунад, ки ҳайати онро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияе, ки дар ҳудуди он маркази имтиҳонӣ амал мекунад, муайян ва тасдиқ кардааст.

Шумораи умумии ҳайати комиссияҳои ҷамъиятии ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ соли ҷорӣ 144 нафарро ташкил медиҳад.