ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар Русия агар теъдоди мавориди ҷадиди сироятшавӣ ба маризии коронавирус рӯ ба коҳишшавӣ ниҳодааст, шумораи ҳолатҳои фавт ҳамоно дар ҳоли афзуншавӣ аст.
Шабонарӯзи гузашта аз ин маризӣ дар Русия дасти кам 198 нафар ҷон бохтанд, хабар медиҳад Ситоди фаврӣ оид ба коронавирус дар ин кишвар.
Бар хабари манбаъ, бо илова шудани 198 ҳолати нав, теъдоди умумии қурбониён аз ин маризии даҳшатбор ба 10 494 нафар баробар шудааст.
Александр Гинсбург: Ваксинаи Русия ду сол аз коронавирус муҳофизат мекунад
Ситод мегӯяд, аз ҳама беш мавориди фавт дар шаҳри Санкт - Петербург сурат гирифтааст. Давоми як рӯз дар ин шаҳр 48 мариз ҷон аз даст доданд.
Ҳамчунин 24 ҳолати фавт ба шаҳри Маскав рост меояд. Дар Подмосковие 18 мавриди фавт аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Зимнан, Cитоди фаврӣ қайд намудааст, ки шабонарӯзи гузашта 9551 нафар аз вируси COVID - 19 шифо ёфтанд ва аз дармонгоҳҳо мураххас шуданд.
Дар маҷмӯъ аз авоили паҳншавии маризии коронавирус дар Русия 463 880 бемор шифо ёфтанд.