Оғози тадқиқот дар мавзеи таърихии Қалъаи Лағмон

Қалъаи Лағмон дар соҳилҳои шарқии дарёи Вахш, дар наздикии деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти Узун ҷойгир шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Шуъбаи бостоншиносии Институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзеи таърихии Қалъаи Лағмони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба тадқиқоти бостоншиносӣ оғоз кардааст.

Дар шаҳраки Сайёд кофтукови бостоншиносон идома дорад

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, аввалин маротиба ин мавзеи таърихӣ соли 1875 кашф гардида буд. Дар харитае, ки ҳамон солҳо олимон тартиб доданд, дар соҳилҳои дарёи Вахш ду нуқта дар масофаи 2 км дуртар аз якдигар ҷойгир буда, яке Лехма ва дигаре Лехмаи ҷанубӣ номгир шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки Қалъаи Лағмон дар масофаи 12 км аз ёдгории таърихии Ҳалевард дар соҳилҳои шарқии дарёи Вахш, дар наздикии деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти Узун ҷойгир шуда, 42,5 гектарро ташкил медиҳад.

Ба гуфти бостоншиносон, шаҳрак аз чор дарвоза иборат буда, дарвозаҳо дар маркази деворҳои шимолӣ ва кунҷи ҷанубу шарқии шаҳрак мавҷуданд.

Шаҳрак низоми муҳофизатии устувор дошт ва соҳаи кишоварзияш хеле тараққикарда ба ҳисоб мерафт. Зеро аз натиҷаи тадқиқоте, ки то имрӯз ба даст омадааст, ин мавзеи таърихии Қалъаи Лағмон маркази минтақаи азими кишоварзӣ дар замони худ будааст.