Футбол: рӯзҳои бозии муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон муайян шуд

мсол формати бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Агар солҳои қаблӣ дар ҳар марҳила дастаҳо ду бозӣ анҷом медоданд, ин мавсим дастаҳо дар ҳар марҳила як бозӣ мекунанд. Мизбони бозӣ тариқи қуръакашӣ интихоб мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Санаи баргузории марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон муайян шуд, ки  дар он 12 дастаи лигаи якум ширкат  намуда, бозиҳо 7-8 июл баргузор мешаванд, хабар медиҳад "Ховар".

Манбаъ менависад, агар дар вақти бозии  асосӣ  ғолиб муайян нагардид, пас ду пайти 15-дақиқагӣ таъйин карда мешавад. Дар сурати боз ҳам муваффақ нашудани дастаҳо ғолиб тариқи зарбаҳои ёздаҳметра муайян карда мешаванд. 

Ғалабаи бузурги "Истиқлол" бар "Регар-ТадАЗ" пас аз танаффус дар футбол

Дар натиҷаи бозиҳо шаш даста ба даври 1/8-финал роҳ меёбанд ва ҳамроҳ бо 10 дастаи лигаи олӣ мусобиқаро идома медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки имсол формати бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Агар солҳои қаблӣ дар ҳар марҳила дастаҳо ду бозӣ анҷом медоданд, ин мавсим дастаҳо дар ҳар марҳила як бозӣ мекунанд. Мизбони бозӣ тариқи қуръакашӣ интихоб мешавад.

Ҳамин тавр, дастаҳои "Саройкамар (Панҷ) – "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ), Равшан (Кӯлоб) –"Ҳулбук" (Восеъ), Равшан (Зафаробод) – "Шоҳмансур" (Душанбе), "Ваҳдат" (Ваҳдат) – "Барқчӣ" (Ҳисор) 7 июл ба майдон хоҳанд баромад. Оғози бозӣ, 17:00.

Шумори дастаҳои футбол дар Лигаи олии Тоҷикистон зиёд карда мешавад

Тимҳои "Ҳосилот" (Фархор) – "Моҳир" (Ёвон) ва "Исфара" (Исфара) – "Эсхата" (Хуҷанд) бошанд, 8 июл, соати 17:00 вориди бозӣ мешаванд.