Даргузашти мусиқисози номии италянӣ Эннио Морриконе

Мусиқисози номии италянӣ даргузаштааст. Тавре расонаҳои ҷаҳонӣ гузориш медиҳад, ӯ чанде пеш афтидаву устухони косашро шикаста будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Эннио Морриконе, мусиқисози номии италянӣ даргузашт, хабар медиҳанд расонаҳои ҷаҳонӣ.

Ӯ шаби 5 ба 6 июл дар яке аз бемористонҳои Рим вафот кардааст. Мусиқисози машҳур 91 сол доштааст.

Даргузашти Шоира Бузурукова, вакил ва сартабиби таваллудхонаи вилоятӣ дар Хуҷанд

Бино бар иттилои расмӣ, чанд рӯз пеш Морриконе афтидаву устухони косашро шикаста будааст.

"Морриконе саҳарии 6 июл дар Рим даргузашт. Устод тавонист то охир шаффофияти комил аз зеҳн ва иззати олиро ҳифз кунад", - омадааст дар иттилои расонаҳо.

Эннио Морриконе 10 ноябри соли 1928 таваллуд шудааст. Ӯ дар синни 12-солагӣ ба консерваторияи Рим дохил мешавад.

Мусиқисози номӣ аз синни 33-солагӣ ба навиштани мусиқӣ оғоз мекунад. Пас аз шӯҳрат дар Аврупо мусиқисозро ба Ҳолливуд даъват мекунанд.Ӯ ба филмҳои коргардонони машҳури ҳоллувудӣ ба монанди  Роман Полански, Оливер Стоун, Брайан Де Палма, Майк Николс, Джон Карпентер, Барри Левинсон, Терренс Малик мусиқӣ навиштааст.

Падари Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз бемории шадид даргузашт

Эннио давоми умри бобаракати худ ба бештар аз 400 филм мусиқӣ офаридаву барои ду филм ба ҷоизаи "Оскар" ва барои филми "Дахолатнопазирҳо"  ба ҷоизаи "Грэмми" сазовор гаштааст. 

Эннио Морриконе соҳиби оила ва 4 фарзанд буд.