Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

COVID - 19 дар ҷаҳон: коҳиши сироятёбӣ дар Русия ва афзоиш дар Ҳиндустон

Шумораи умумии гирифторони коронавируси навъи COVID - 19 дар қаламрави Русия аз 687 ҳазор кас бештар шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Русия аз рӯи шумораи гирифторони коронавируси навъи COVID - 19 дар ҷаҳон аз ҷойи сеюм ба чорум фаромад, омадааст дар торномаи таҳлилии Worldometers.

Бино ба додаҳои ситоди фаврии Русия дар 24 соати гузашта дар ҳудуди Русия 6,6 ҳазор кас олудаи коронавирус шуд. Ҳамин тавр шумораи умумии гирифторони ин вабои аср дар ин кишвар ба 687 862 нафар расид.

Дар баробари ин, тибқи гузориши Созмони беҳдошт дар Ҳиндустон то кунун 698 817 кас мубталои коронавирус шудааст. Тибқи иттилои ин ниҳод давоми ҳафта дар ин кишвар ҳар рӯз беш аз 20 ҳазор одам аз ин маризӣ сироят мешуд.

СҶБ ба ваксинаи Русия алайҳи коронавирус эътимод дорад ва пешниҳоди ҳамкорӣ намуд

Ҳамин тариқ, Русия миёни кишварҳои дунё аз рӯи шумораи бештарини мариизони короно аз мақоми сеюм ба чаҳорум фаромад.

Олимон санҷиши се доруи зидди COVID-19 –ро бо қарори СҶТ қатъ карданд

То ҳол дар мақоми аввал ИМА тақрибан бо 3 миллион бемор ҷой гирифтааст. Дар ҷойи дуюм Бразилия бо бештар аз 1,6 миллион сироятшуда меистад.

Ҳамчунин ба даҳгонаи бештарин дардмандони коронавирус Перу, Испания, Чили, Бритониё, Мехико ва Италия ворид шудаанд.

Бояд гуфт, ки дар замони ҳамагирии коронавирус Русия чанд маротиба мавқеъи худро дар феҳрист иваз кард. Аз ҷумла моҳи май кишвар аз рӯи бештарин сироятшудагон ба мақоми дуюм баромада буд.