"Биё, духтар, чилим мекашем": ҳабсу кӯчарӯбии як ҷавон дар Душанбе барои "гаппартоӣ" - акс

Валиҷон Бекзода дар маркази шаҳри Душанбе духтареро, ки тамоман намешинохт ва ягон муносибат надошт, ба чилимкашӣ даъват кардааст. Вақте духтар ба ин писари баддаҳон ҷавоби рад додааст, ӯро таҳқир ва аз мӯйҳояш кашола кардааст. Милисаҳо ин ҷавонро дастгир кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Мақомоти милисаи шаҳри Душанбе аз ҳабси як ҷавони бадкирдор барои "Майдаавбошӣ" хабар додаанд. Раёсати Вазорати корҳои дохила, акси ин ҷавонро, ки духтареро дар байни сокинон таҳқир кардааст, дар даст ҷӯроб нашр кардаанд.

"Биё, духтар, чилим мекашем": ҳабсу кӯчарӯбии як ҷавон дар Душанбе барои "гаппартоӣ" - акс

Бино бар иттилои манбаъ, Бекзода Валиҷон, 28-сола, дар маркази Душанбе, дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ дар назди мағозаи "Артел" духтари 20-солаеро ба наздаш даъват карда, таклиф кардааст, ки бо ӯ чилим кашад.

"Аммо духтар аз ин даъвати Валиҷон, ки ӯро бори аввал дида, байнашон ягон муносибати шиносоӣ вуҷуд надошт, ба хашм омада, ҷавоби рад додааст. Дар ин лаҳза дастгиршуда Бекзода Валиҷон дар ҷои ҷамъиятӣ ва дар ҳузури дигар дугонаҳояш нисбати ҷавондухтари муроҷиаткунанда дашному суханони қабеҳ намуда, ҳамзамон бо роҳи кашидани мӯйи сар ба ӯ озори ҷисмонӣ низ расонидааст", - менависад РВКД Душанбе.

Ҳамин тавр, ҷабрдида ба мақомоти милиса муроҷиат мекунад, ки дар пайи он Бекзодаро милисаҳо дастгир мекунанд.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Бекзода Валиҷон бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори додгоҳ нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуда, ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб карда шудааст. 

"Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки ҳуқуқу манфиатҳои Шумо таҳти муҳофизати қонун қарор дошта, дар ҳолати поймол шудани он метавонед ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе муроҷиат намоед. Ҳамаи муроҷиат, арзу дархост ва шикоятҳои Шумо мавриди санҷиши ҳаматарафа ва чораҷӯии саривақтӣ қарор дода шуда, аз натиҷааш тавассути сомонаи Раёсат хабар дода мешавад", - таъкид мекунад манбаъ.