Баъди марги боз як нафар: сироятёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон коҳиш ёфт - омори расмӣ

Рӯзи гузашта мақомоти Тоҷикистон расман иттилоъ доданд, ки аз коронавирус дар кишвар боз як нафар даргузашт. Мувофиқи омори нав сироятёбӣ аз коронавирус дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Вазорати тандурустии кишвар омори тозаи сироят, шифоёбӣ ва маргу мир аз коронавирусро нашр кардааст. Мувофиқи он, суръати сироят аз КОВИД-19 дар кишвар коҳиш ёфтааст.

Тавре Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ менависад, шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 49 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, ки ин нишондод як рӯз пеш 54 касро ташкил медод.
Тасдиқи фавти дигар аз COVID-19 дар Тоҷикистон: омори нави расмӣ

Дар ҳамин ҳол, аз 30 апрел то 6 июл шумораи гирифторони "корона" ба 6262 нафар расидааст.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 4914 нафар ё худ 78,4%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 53 нафар фавтидаанд.

"Шабонарӯзи охир 218 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 56 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", — афзудааст Вазорати тандурустӣ.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.