"Сомон - эйр" барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон 10 июл ба Минск парвоз мекунад

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандони мамлакат, ки дар Белорус ва Украина ба сар мебаранд, мерасонад, ки санаи 10 - уми июл парвози чартерӣ самти Душанбе - Минск сурат мегирад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Вазорати умури хориҷӣ ба таваҷҷуҳи ҳамватанони муқими Беларус ва Украина мерасонад, ки ба мақсади баргардонидани шаҳрвандони кишвар тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  парвози махсус самти Душанбе - Минс - Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Ҳавопаймои махсус: ширкати “Тоҷик Эйр” 220 муҳоҷири меҳнатиро ба Душанбе баргардонд

Ба иттилои котиботи вазорат, парвози мазкур рӯзи 10 - июл аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии "Сомон - эйр" сурат мегирад.

Манбаъ меафзояд, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ имкон доранд, бо ҳавопаймои мазкур ба Минск парвоз кунанд.

"Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" 8 парвози чартерӣ аз шаҳрҳои Русияро анҷом медиҳанд

Зикр мегардад, Тоҷикистониҳое, ки дар Белорус ва Украина ба сар мебаранд, барои бақайдгирӣ намудан ба намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Беларус ва Украина муроҷиат кунанд.