ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Тибқи иттилли дафтари матбуотии додгоҳи Хуҷанд писра барои як корд ба шиками падараш задан 12 солу 6 моҳ равонаи зиндон гашт.
Ба иттилои манбаъ, судшаванда К.Ф.С. қаблан низ барои се сол зиндонӣ шуда соли 2018 ба озодӣ баромадааст.
Манбаъ мегӯяд шаҳрванд К.Ф.С санаи 25 марти соли 2020 тахминан соати 21-08 дақиқа дар ҳолати мастӣ бо собиқ ҳамсараш К.М.О дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, вохӯрда, нисбаташ дашномҳои қабеҳ зада, хоҳиши тарк кардани манзили истиқоматиашро намуда, баъдан вориди ҳуҷраи хоби падараш шудааст.
“Ин вақт, падараш К.С.У. омада, аз чунин муносибати ӯ хабардор шуда, нисбаташ дашном карда, ба сару рӯяш бо ду-се шапалоқ задааст”,-афзудааст манбаъ.
Писар бошад аз сабаби он, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, ба ғазаб омада, бо корд як маротиба ба тарафи чапи шиками падараш задааст, мегӯяд манбаъ.
“Занма рӯз намедиҳад”: чаро Холалӣ падарашро кушт-видео
Гуфта мешавад суди шаҳри Хуҷанд дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 110 қисми 3 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд К.Ф.С-ро гунащгор гунаҳкор дониста, ба вай бо ҳамин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 12 солу 6 моҳ, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст.