ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Шанкар Кударе шаҳрванди Ҳиндустон бо арзиши 4 ҳазор доллар ниқоби тиллоӣ харида барои муҳофизат кардани худ аз коронавирус мепӯшад. Дар ин бора худи ӯ ба РИА Новсоти хабар додааст.
Сокини иёлати Махараштра изҳор доштаст, ки пас аз дидани нафаре бо ниқоби нуқрагӣ, хост барои худ айнан чунин ниқоб, вале тиллоиро фармоиш диҳад.
"Он замон дар сарам фикре дар бораи фармоиш додани ниқоби тиллоӣ пайдо шуд. Азбаски ман тиллоро дӯст медорам ва занҷирҳои тиллоро мепӯшам, қарор додам чаро ниқоби тиллоиро напӯшам? Сипас аз заргари маҳаллӣ хоҳиш кардам, ки барои ман ниқоби тиллоиро омода созад", - афзудааст Кударе.
Дунёи ниқобпӯшон: роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус дар кишварҳои гуногун - акс
Ниқоби ӯ 2,5 кило вазн дошта 3870 доллар арзиш дорад.
Ӯ мегӯяд, барои муҳофизат кардан аз маризии коронавирус танҳо пӯшидани ниқоб кумак намекунад. Аз ин рӯ, номбурда дар баробари бо ниқоби тиллоӣ ба кӯча баромадан, риоя кардани фосилаи иҷтимоиро низ фаромӯш намекунад.
Кударе мегӯяд, ниқобаш ӯро миёни мардум ва ҳамчунин ВАО шӯҳратёр кард.
"Вақте бо ниқоби тиллоӣ ба берун баромадам, диққати ҳамаро ба худ ҷалб кардам, зеро ин гуна ниқоб тамоман чизи нав аст ва ҳайрати одамонро ба бор овард", - мегӯяд вай.
Бар тибқи маълумоти ахир, дар Ҳиндустон 648 ҳазор нафар мубталои коронавиурс шуда, 18 ҳазор мариз ҷон аз даст доданд.