ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Кормандони пулиси Душанбе ҷавони 20 - соларо бо гумони даст доштан дар ҳодисаи куштор боздошт намуданд.
Котиботи Раёсати умури дохилии дар пойтахт хабар медиҳад, ҳодисаи куштор шоми 29 - уми июн дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рух дод.
Манбаъ меафзояд, миёни Бабаев Ансор соли таваллудаш 18-уми октябри 2000, сокини шаҳри Душанбе маҳаллаи Гулбутта, донишҷӯи курси 2-и Донишкадаи технологии Тоҷикистон ва Маҷидов Аюбҷони 22 - сола сокини шаҳри Душанбе муноқиша бархост.
Дар натиҷа Ансор, ки бо корд мусаллаҳ буд ба қисмати рони пои чапи Маҷидов якчанд маротиба зарба задааст.
Гуфта мешавад, Маҷидов аз ҳисоби талаф додани хуни бисёр дар беморхона ба ҳалокат расид.
РВУД Тоҷикистон мегӯяд, айни замон нисбати донишҷӯи гумонбаршуда, бо моддаи 110 қисми 3 банди "в"-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабси пешакӣ гирифтан татбиқ карда шудааст.