Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Домод дар тӯяш беш аз 100 нафарро олудаи коронавирус кард ва ду рӯз пас фавтид

Домод чанд рӯз қабл аз тӯй худро нохуб ҳис кард ва хост маросими арӯсиро ба вақти дигар гузорад. Аммо пайвандони ӯ ва ҷониби арӯс ин дархосташро ба далели сарфи маблағи зиёд напазируфтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар Ҳиндустон дар як маросими арӯсӣ домод беш аз 100 меҳмонашро олудаи коронавирус кард ва худ бо гузашти ду рӯз аз ин маросим дар роҳ ба беморхона ҷон бохт, хабар медиҳад The Indian Express.

Зикр мегардад, маросими тӯй 14 - уми июн дар иёлати Бихар баргузор гардид ва пас аз ин маърака авҷи маризии коронавирус якбора боло ҷаст.

Домод ба ҳайси муҳандис дар шаҳр кор мекард ва моҳи май ба хотири баргузор намудани тӯйи домодияш ба деҳа омад.

"Чанд рӯз пеш аз тӯй вазъи домод бад шуд ва ӯ хост тӯйро ба вақти дигар гузорад. Аммо тӯйдорон аз ҳар ду ҷониб ба далели сарфи бисёри маблағ дархосташро рад намуданд", - изҳор доштааст яке аз пайвандони домод.

Хонаводаи арӯсу домод бар ин бовар буданд, ки дар деҳаи онҳо маризии коронавирус роҳ наёфтааст аз ин рӯ даъватномаро унвонии 350 меҳмон ирсол карданд.

Ду тӯй дар як хонавода: арӯс ва 12 меҳмон мубталои коронавирус шуданд

Домод бошад дар рӯзи тӯяш барои поён овардани ҳарорати бадан, дору хӯрд ва озими маърака шуд.

Манбаъ меафзояд, бо гузашти ду рӯз вазъи домод ниҳоят вазнин шуд ва ӯ дар роҳ ба беморхона ҷон бохт.

Арӯсу домод ҳам бояд ниқоб банданд: туйи хонадоршавӣ дар замони COVID -19

Ташхиси 113 меҳмони ин маърака аз коронавирус мусбат баромад ва онҳо давоми ду рӯз боз чандин нафари дигарро ба ин маризӣ олуда карданд.

Қаблан чунин ҳолат дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон низ иттифоқ афтода буд. Хонаводае дар Ӯзбекистон давоми чаҳор рӯз ду маросими арӯсӣ баргузор намуданд, ки дар натиҷа яке аз арӯсон ва 12 меҳмон мубталои коронавирус шуданд.