БОР барои мубориза бо пайомадҳои COVID-19 ба Тоҷикистон 50 миллион доллар медиҳад

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири парлумон созишнома бо Бонки осиёии рушдро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он бонк барои мубориза бо оқибатҳои COVID-19 дар Тоҷикистон 50 миллион доллар ҷудо мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Созишномаи грантӣ байни ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба "Барномаи вокуниши фаъол ба пандемияи бемории сироятии COVID — 19 ва дастгирии қисми хароҷоти буҷет"-ро дар парлумон Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар муаррифӣ кард. 

Ҳузури Рамазон Қодиров дар маросими дафни Абдулманап ва сипосгузории Ҳабиб аз ӯ - навор

Вазири молия изҳор дошт, ки созишномаи мазкур 23 июни соли ҷорӣ бо риояи расмиёти амалкунанда ва бо мақсади коҳиш додани оқибатҳои манфии пандемияи  COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ба имзо расонида шудааст.

"Ҳаҷми маблағи созишнома 50 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, он аз ҳисоби захираҳои Фонди махсуси грантии Бонки осиёии рушд маблағгузорӣ мегардад", - хабар додааст нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли вазир.

Манбаъ афзуд, ки маблағи мазкур барои рӯйпӯш намудани хароҷоти давлатӣ ва идоракунии молиявӣ, амалӣ намудани ташаббусҳо вобаста ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, маблағгузории чорабиниҳо вобаста ба пешгирӣ ва табобати пандемияи бемории сироятии COVID — 19 масраф карда мешавад. Татбиқи созишнома то охири соли молиявии 2020 ба нақша гирифта шудааст.