Сӯхтор дар яке аз анбори мактаб дар шаҳри Душанбе: ВУД гунаҳгорро муайян кард

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз сӯхтор дар бинои навсохтмони мактаб, воқеъ дар квартали 8-уми маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ВУД сӯхтор санаи 4-уми июли соли равон соати 07:45 дақиқа дар анбори нигоҳдории масолеҳи сохтмонии бинои навсохтмони мактаб, воқеъ дар квартали 8-уми маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рух додааст.

Манбаъ таъкид доштааст, ки сохтмони биноеро, ки дар он сӯхтор ба амал омадааст ширкати “Балх-2015” ба ӯҳда дорад.

“Бо қабули хабар аз тарафи Нуқтаи маркази алоқаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран ба ҷойи ҳодиса чор адад нақлиётҳои сӯхторхомушкунӣ ва гурӯҳи хадамоти навбатдори оташнишонии Сарраёсат сафарбар карда шуданд. Дар вақти ба маҳалли ҳодиса расидани кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ анбори нигоҳдории масолеҳи сохтмонии бинои навсохтмонро дар масоҳати 20 метри мураббаъ оташ ва дуди ғализ фаро гирифта буд”, - қайд кардааст манбаъ.

ВУД зикр кардааст, ки дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ роҳҳои паҳншавии оташ ба зуддӣ пешгирӣ карда шуда, сӯхтор дар масоҳати аввалааш дар муддати кӯтоҳ ба пурагӣ хомӯш карда шуд.

“Коршиносони соҳа сабаби сӯхтор пошхӯрии шарораҳо ҳангоми истифодабарии асбоби барқии “Балгарка” буда, гунаҳгори ҳодиса коргари Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Балх-2015” Беҳзод Қурбонов мебошад”,- қайд намудааст ВУД Тоҷикистон.

Ҳамзамон манбаъ таъкид кардааст, ки дар натиҷаи сӯхтор ҳеҷ кас зарари ҷисмонӣ набардоштааст.

Дар ҳоли ҳозир, таҳқиқи ҳодиса аз тарафи Хадамоти давлатии оташнишонӣ идома дорад.