Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Русия гуфт маҳдудиятҳо дар парвозҳои байналмилалӣ то моҳи август идома хоҳад ёфт

Мақомоти Русия аз тамдиди мамнуият бар вуруди атбои хориҷӣ ба Русия то аввали августи соли равон хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik.  Тибқи сомонаи Вазорати ҳамлу нақли Русия, маҳдудият бар парвозҳои байналмилалӣ ба далели густариши вируси корона тамдид шуда ва қарор аст, то аввали моҳи августи соли равон барқарор хоҳад буд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия: барӯйхатгирии хоҳишмандони бозгашт ба ватан қатъ мешавад

Дар ҳамин ҳол, вазорати ҳамлунақли Русия низ эълом кардааст, ки азсаргирии парвозҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон ҳанӯз маълум нест ва дар ин бора тасмиме гирифта нашудааст.

Парвози ҳавопаймоҳо миёни Русия ва Тоҷикистон ба далели густариши вируси корона аз 20 марти соли равон манъ шуд ва ду кишвар барои хориҷ кардани атбои худ чанд парвози чартерӣ анҷом доданд.

Бояд гуфт, ки ба далели манъӣ парвозҳо даҳҳо ҳазор муҳоҷирони меҳнатии тоҷик натавонистанд ба Русия барои кор сафар кунанд.