Фаврӣ: сӯхтор дар беморхонаи клиникии шаҳри Кӯлоб

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар бинои Маркази перинаталии Беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавии ба номи А. Ҳақназаров, воқеъ дар маҳаллаи Борбад 4-и шаҳри Кӯлоб, сӯхтор ба амал омад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон, дар натиҷаи вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ, ҳангоми васлу насби таҷҳизоти обгармкунанда (термекс) санаи 4-уми июли соли 2020 соати 08:10 дақиқа дар болопӯши бинои Маркази перинаталии Беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавии ба номи А. Ҳақназаров, воқеъ дар маҳаллаи Борбад 4-и шаҳри Кӯлоб, сӯхтор ба амал омадааст.

Сӯхтор дар Панҷакент ба ҳалокати келини хонавода ва ду кӯдаки ноболиғаш анҷомид

Манбаъ қайд кардааст, ки ба ҷойи ҳодиса се адад нақлиётҳои сӯхторхомушкунии асоси ва махсуси оташнишонии шаҳри Кӯлоб сафарбар карда шуданд.

“Дар вақти ба маҳалли ҳодиса расидани кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ болопӯши бинои Маркази перинаталии Беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавӣ дар масоҳати 9 метри мураббаъ месӯхт”, - таъкид доштааст манбаъ.

Гуфта шудааст, ки кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ роҳҳои паҳншавии оташро ба зуддӣ пешгирӣ карда, сӯхторро хомӯш карданд.

Манбаъ зикр кардааст, ки гунаҳгори ҳодиса барқчии ширкати “Сохтмони махсус”-и шаҳри Кӯлоб Муродалӣ Ғуломов будааст.

То ҳол коршиносони соҳа зарар аз сӯхторро муайян накардаанд. 

Аммо гуфта мешавад, ки дар натиҷаи сӯхтор ҳеҷ кас зарари ҷисмонӣ набардоштааст.

“Таҳқиқи ҳодиса аз тарафи Хадамоти давлатии оташнишонӣ бурда мешавад”, - қайд кардааст ВУД Тоҷикистон.