Бебарқӣ дар тобистон: сокинон мегуянд, бо равшании телефон таъоми шом мехурем

Сокинони деҳоти ноҳияи Деваштич дар Суғд аз мушкили қатъи интиқоли нерӯи барқ ба манзилҳояшон таъкид мекунанд. Онҳо мегуянд, ин вазъ дар фасли тобистон як моҳ ба ин тараф давом дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Масрур як сокини ҷамоати Ваҳдат дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, қатъи интиқоли барқ дар вақти шомгоҳон барои онҳо дар шароити рустоҳо мушкилӣ меорад.

"Бегоҳ аз кори саҳро меоӣ, ки дар хонаҳо барқ нест ва ҳама ҷо торик. Дар торикӣ чи гуна хуроки шом хурданро намедонӣ. Бо истифода аз равшании фонари телефонҳо хӯроки шом мехурем", - гуфт ӯ.

Фирӯз як сокини деҳаи Басманда ҳам аз мушкили хомӯшшавии барқ иброз намуд. Ӯ гуфт, хомӯшкунии барқи ин деҳа шомгоҳон аз соати 19 то 20 ва гоҳо аз соати 20 то соати 21: 30 дақиқа тӯл мекашад.

Боздошти собиқ нозири барқ: аз вазифа рафту, аммо пули сокинонро мегирифт

Муҳиддин Аҳмадзода, сармуҳандиси шабакаҳои барқии Истаравшан дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон вазъи мавҷударо шарҳ дод.

Ӯ гуфт, "бо сабаби таъмири ноқилҳо ва чораҳои профилактикӣ ин гуна ҳолат ба вуҷуд меояд".

Вале сокинон таъкид меварзанд, ки чунин вазъ беш аз як моҳ ба ин тараф идома дорад, аммо ҳеҷ яке аз масъулини шабакаҳои барқи минтақа бо пахши эълон, расман аҳолиро огоҳ намекунанд.

Баъзе аз соҳибназарон иллати қатъи интиқоли нерӯи барқро ба фаъолияти чоҳҳои амудии (скважина) ҳудуди ҷамоат рабт медиҳанд.

Бино ба гуфтаи онҳо, ҳоло шумори ин гуна чоҳҳои обрасони зироати сокинон зиёд шудааст ва дар як вақт кор кардани аксари ин чоҳҳо, сабаби зиёд тасфидани зеристогоҳҳои барқӣ мегардад ва аз ҳамин хотир масъулин бо хомӯш намудани барқ то якуним соат кори зеристгоҳҳоро дам доданиянд.

Аммо сокинон мегӯянд, назар ба ин, ки барқи манзилҳои онҳо хомӯш карда шавад, бояд масулини идораи барқ, танзими кори чоҳҳои амудиро ба роҳ монанд.