ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Шаби 2 - юми июл дар манзили зисти сокини шаҳри Панҷакент сӯхтори шадид рух дод, хабар медиҳад Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, сӯхтор дар манзили Солиев Баёни 56 - сола, сокини деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент ба амал омад.
Гуфта мешавад, бар асари сӯхтор келини соҳибхона Каримова Таҳминаи 43 - сола бо фарзандонаш Солеҳзода Меҳваршои 4 - сола ва Солеҳзода Талабшои 2 - сола фавтидаанд.
Сӯхтор дар корхонаи коркарди нафт дар Тоҷикистон: ба корхона хисороти калон овард
Ҳамчунин, худи соҳибхона Солиев Баён, ҷароҳати сӯхтагии бадан бардошта, ба Шуъбаи эҳёи Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент интиқол ёфт.
Ба иттилои пизишкон ҳудуди 99 фисади бадан ва ҳамчунин 30 дарсади роҳҳои нафаси соҳибхона сӯхтаанд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, зарар аз сӯхтор 7780 сомонӣ буда, маблағи молу мулки аз сӯхтор эмин нигоҳдоштаи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба 122 000 сомонӣ баробар аст.
Феълан омили сар задани сӯхтор муайян мешавад.