ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони Суғд хабар дода, афзуд, ки дар ин давра дар ҳудуди вилоят 29 корхона бо 370 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
"Аз ҷумла 10 корхона доир ба истеҳсоли хӯрокворӣ, 5 корхонаи дӯзандагӣ, 10 корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмон таъсис дода шудааст, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба имконияту захираҳои вилоят тамоман паст мебошанд", - таъкид кард раисиҷумҳур.
Эмомаллӣ Раҳмон афзуд, ки бо чунин нишондиҳандаҳо дар муҳлатҳои муқарраршуда расидан ба ҳадафи стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар бисёр мушкил мегардад.
"Таҷриба нишон медиҳад, ки дар шароити паҳншавии бемориҳои сироятӣ зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ яке аз тадбирҳои асосӣ ва муҳимми пешгирӣ кардани пайомадҳои манфии он ба иқтисодиёт мебошад. Дар ин росто, зарур аст, ки доир ба таъмини фаъолияти муназзами соҳаҳои истеҳсолӣ ва пешгирии аз кор мондани корхонаҳо тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд", - илова намуд раисиҷумҳур.