Шаби сарди 29 июн: дар Ванҷ чӣ ҳодиса рух дод?

Дар пайи барфу сардии бесобиқа ҳудуди 220 чорвои сокинони ноҳияи Ванҷи Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон фавтидаву хисороти зиёде ба сокинон ворид шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дониш Идрисов, раиси ҷамоати Ровани ноҳияи Ванҷ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, борони зиёде, ки рӯзи 28 июн оғоз шуд, рӯзҳои 29 ва 30 ба барф табдил ёфт ва ҳарорати ҳаво таҳти сифр рафт.

“Ин барои мардуми ҷамоат, ки ҳар тобистон чорвои худро ба чарогоҳҳо мебаранд, ғайримунтазира буд. Вақте дар чарогоҳҳо барф афтид, бархе натавонистанд саривақт чорвои худро ба деҳот баргардонанд ва дар баландиву сардӣ чорво талаф ёфт”, - гуфт Дониш Идрисов.

Ҷамоати деҳоти Рован бо ҳудуди 5600 сокин дар қисмати болову баландтарини ноҳияи Ванҷ ва поёни пиряхи маъруфи Федченко ҷойгир буда, аз 13 деҳа - Ширговад, Ғиҷоваст, Поймазор, Мудехарв, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмас, Мурғутга, Рованд, Гармчашма, Ван-Ван, Сунгад ва Дуршер иборат аст.

Сокинони Рован мегӯянд, дар айни гармои тобистон ба барф табдил ёфтани борону пеш омадани чунин як сардӣ аслан тасаввур намешуд ва ин ҳам, ки чорвои майда ба чунин сардӣ тоб наоварда, талаф мешавад.

Ба ҳисоби онҳо, дар пайи ин ҳодиса беш аз 180 чорвои хурди мардум ҳарому ҳалол мурда, 6 сар ҳам аз ин шумул гум шудааст.

“Ҳалолу ҳаром”

Муҳаммад Латифов, сокини деҳаи Ғҷоваст, ки дар пайи ин сардӣ 7 сар гӯсфанди худро аз даст дод, мегӯяд, шахсан шаби сарди 29 июн худро ба девлох (чарогоҳ, айлоқ) расонда, ҳодисаи муриши чорворо ба чашми худ дидааст. Вай афзуд, аз сардӣ хун дар бадани бузу гӯсфандон ях баста, мӯҷиби маргашон мешавад.

Зодагони Ванҷ ба Беморхонаи марказии ноҳия автомашинаи Ёрии таъҷилӣ тақдим карданд

“Фақат дар деҳаи мо 100 сар моли майда – бузу гӯсфанд ва як сар гов ҳаром шуд. 9 сар гӯсфандро ҳам шахсан ҳалол кардам. Ба ҳамин қадараш зӯрам расид. 4 сар моли майда низ гум шудааст, ки то ҳол даракашро наёфтаем. Эҳтимолан онҳоро гургҳо бурда бошанд”, - гуфт Муҳаммад Латифов.

Бино ба маълумоти сокинони ҷамоати Рован, ки бо Sputnik Тоҷикистон суҳбат карданд, деҳаи Ванван дуввумин деҳаест, ки хисороти бештар дидааст. Дар ин деҳа 44 сар бузу гӯсфанд (30 сар ҳарому 14 сар ҳалол) талаф ёфтаанд. Ба ҳамин минвол, дар деҳаи Вишхарвак - 10 (6 сар ҳаром, 4 сар - ҳалол), Рован - 9 (5 – 4), Дуршер - 7 (5 – 2), Шрговад - 5 (2 – 3), Поймазор - 15 (7-8) ва Гармчашма - 14 (8-6 ) сар бузу гӯсфанди сокинон аз даст рафтааст.

Сел дар ВМКБ ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ - ро боздошт

Дар деҳаи Ғӯмас низ 5 сар ҳаром мурда, 2 сари дигар ба эҳтимоли зиёд тӯъмаи гургон шудаанд.

Деҳаҳои Мурғутга ва Сунгад аслан хисорот надидаанд. Дар Техарв, яке дигар аз ҷамоати деҳоти ноҳияи Ванҷ, танҳо деҳаи Чхох ҳамин гуна хисоротро мутаҳаммил шудааст. Дар ин деҳа 37 сар бузу гӯсфанд аз сардӣ ҷон доданд ва сокинон тавонистанд фақат 7 сари онҳоро ҳалол кунанд.

Дилшод Қурбоншоев, сокини Чхох, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин деҳа дар наздикии пирях воқеъ буда, сардии шабҳои 28 – 29 июн мардумро дар ғафлат гузоштааст.

“Дар дигар деҳаҳои ҷамоат чунин талафот иттифоқ наафтод, зеро дуртар аз пирях буданд ва ҳам вазъи моро дида, зуд даст ба кор шуданду моли худро ба деҳаҳо фароварданд. Агар чунин намекарданд, онҳо ҳам хисороти зиёд медиданд”, - гуфт Дилшод Қурбоншоев.

Талафот бештар мебуд...

Оё илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ буд? Сокинони ин ду ҷамоати Ванҷ мегӯянд, далели аслии вуқӯъи воқеа ҳамоно сардии ғайримунтазира аст, ки мардумро дар ғафлат гузошт ва ҳам бетаҷрибагии подабонҳои ҷавон аст, ки бо чунин ҳодиса нав рӯбарӯ мешаванд.

Сел дар Роғун: талафоти ҷонӣ надошт, аммо роҳу пул ва сутунҳои хатти барқиро хароб кард

Масъуд Ёров, сокини деҳаи Ғҷоваст мегӯяд, ҳар сол дар ин вақт аз пиряхҳо оби бештар меомад ва ин ба он маънист, ки ҳаво барои парвариши чорво дар девлохҳо ё чарогоҳҳо низ мусоид аст.

“Имсол аз пиряхҳо об кам меомад ва мо бояд пешбинӣ мекардем, ки эҳтимоли сард шудани ҳаво вуҷуд дорад. Дуюм, чорвои хурд, бахусус буз, бо вуҷуди фарбеҳӣ ба сардии таҳти сифр тобовар нест. Аз ин хотир, шолаҳо (маконҳои нигаҳдории шабонаи чорво) бояд дар ҷойҳои гарм интихоб шавад”, - гуфт Масъуд Ёров ба Sputnik Тоҷикистон.

Дониш Идрисов, раиси ҷамоати Рован, мегӯяд, ҳамон шабу рӯз мустақим бо раисони деҳаҳо дар тамос буд ва ба ин натиҷа расид, ки як далели пеш омадани чунин хисорот бетаҷрибагии даҳмардаҳои ҷавон аст.

“Масалан, ширкати “Хрустал” 60 сар мол дорад. Подабонаш ҳамон шаби сардӣ дар чор тарафи шола оташ афрӯхта, то саҳар нагузоштааст, ки пода хоб равад, ҳаракат кунад, то намурад. Дар деҳаи Вишхарвак як подабони 60 – сола низ то рӯз нахобида, ин корро кардааст. Аммо подабонҳои дигар деҳаҳо рамаро дар як шолаи танг нигаҳ дошта, коре накарданд ва ин қадар талафот шуд. Ҳадди ақал бояд интернетро медиданд, ки 95% обу ҳаворо дуруст пешгӯӣ мекунад”, - гуфт раиси ҷамоати Рован.

Мавсуф дар посух ба ин суол, ки “оё хисороти мардум аз сӯи мақомоти маҳаллӣ ҷуброн мешавад?”, гуфт, ҳар касе моли худро суғурта кардааст, кӯмак дарёфт мекунад, дар акси ҳол, пардохти маблағи ин қадар хисорот дар тавони мақомот нест. Бино ба маълумоти сокинони Ванҷ, дар ҳоли ҳозир як сар буз ё гӯсфанд дар бозорҳои минтақа вобаста ба вазну ҳол аз 800 то 2 ҳазор сомонӣ арзиш доранд.