Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Кӣ COVID – 19-ро ба бизнес табил дод? Раҳмон бархе номҳоро гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мақомдороне интиқод кард, ки ба нақзи қонунҳои бахши беҳдошт даст задаанд. Ӯ инчунин бархе номҳоро гуфт, ки бо сӯиистифода аз COVID – 19 ба фиребкорию пулкоркунӣ машғул шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони Суғд, таъкид кард, ки масъулон бояд хароҷоти мақсадноку суроғавии кумакҳои башардӯстона, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ ва маводи безараргардониро ҷиддӣ назорат намоянд.

Прага аз поёни бӯҳрони коронавирус қайд кард: зиёфатхӯрии ҳазор нафар гирди мизи 500 метра

Ӯ гуфт, санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳоеро ошкор намудаанд, ки шахсони алоҳида аз вазъи бамиёномада истифода бурда, ба фиреби истеъмолкунандагон даст задаанд.

"Масалан, мудири анбори беморхонаи марказии шаҳри Конибодом Муминов Н. аз ташкилоти ҷамъиятии “Имдоди Ғайрат” 15 дона либоси махсуси тиббиро ба маблағи 120 сомонӣ харидорӣ намуда, онро беасос ва ғайриқонунӣ бо нархи 250 сомонӣ фурӯхтааст”, - изҳор дошт Раҳмон.

Ӯ афзуд, сокини шаҳри Исфара Пӯлотов С. бошад, дар давоми моҳи майи соли равон бе иҷозатномаи мақомоти давлатӣ ва бе таъмини шароити дахлдор ба истеҳсоли маҳлули тиббии антисептикӣ машғул гардида, 22 майи соли 2020 ғайриқонунӣ 3200 адад маҳлули антисептикии қалбакӣ омоданамудаашро дар бозори шаҳр ба фурӯш баровардааст.

“Ғайр аз ин, ӯ такроран 23 майи соли равон 2400 адад маҳлули антисептикии ғайриқонунӣ омоданамудаашро ба сокини шаҳри Исфара Ҷӯраев Р. ба маблағи 4320 сомонӣ фурӯхтааст. Нисбат ба номбурда 18 июни соли 2020 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст”, - илова намуд Раҳмон.

Ӯ таъкид намуд, ки ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура мунтазам мавриди санҷиш қарор гирифт.

Даргузашти Баҳодур Раҳматов, донишноманигори шинохтаи тоҷик

"Дар натиҷа ҳолатҳои аз тарафи шахсони мансабдор риоя нагардидани меъёр ва қоидаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ, муомилоти маводи дорувории пастсифат, бе иҷозатнома ва бо вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ машғул шудан ба фурӯши маводи доруворӣ азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо ошкор карда шудаанд", - хабар дод раисиҷумҳур.

Ба гуфтаи Президент, дар натиҷаи санҷишҳо дар ин самт 45 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан расонаҳо дар Тоҷикистон ва гуруҳе аз фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷой доштани ҳолатҳои фурӯши ғайриқонунии лавозимоти беҳдошт дар бархе аз муассисаҳои тиббии кишвар хабар дода буданд, аммо мақомоти тандурустӣ ин иддаоро рад мекарданд.