Дар сарҳади Қазоқистон тақрибан 1000 нафар тоҷикону узбекҳо ҷамъ шудаанд: видео

Шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сарфи назар аз муроҷиати вазорату идораҳо ҷамъ шуданро дар сарҳади Қазоқистон идома медиҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik.  Дар сарҳади Қазоқистон тақрибан 900 шаҳрванди хориҷӣ дар мондаанд, гуфт муовини раиси вилояти Туркистон Секен Калкаманов дар як видео дар Facebook.

Тоҷикистон ҳудуди 300 шаҳрвандашро аз марзҳои Ӯзбекистону Қазоқистон баргардонд

"Тақрибан 500 шаҳрванди Тоҷикистон ва 300-400 шаҳрванди Ӯзбекистон ҷамъ омадаанд. Аз лаҳзаи сар шудани карантин, мо ба 800 нафар шаҳрвандон Тоҷикистон барои рафтан ба кишварашон иҷозаи гузар додем", гуфт мансабдор.
Калкаманов қайд кард, ки ин як раванди хеле мушкил аст, зеро гузариши транзитии нақлиёт бо шаҳрвандони Тоҷикистон бояд бо Ӯзбекистон ҳамоҳанг карда шавад.

Намояндаи мақомоти минтақавӣ илова намуд, ки ҳукумати шаҳри Сариағаш дар якҷоягӣ бо сарпарастон хӯроки гарм, ҷойи махсуси ист барои ҳифзи мардум аз офтоб ва дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ташкил кардааст.

Инчунин ҳангоми будубоши муваққатӣ ҳолати санитарӣ риоя карда мешавад. Тақрибан 20 корманди шӯъбаи полиси минтақавӣ посбонҳо мекунанд ва табибон инчунин дар маркази будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд.

Калкаманов илова намуд, ки мақомоти маҳаллӣ ҳамеша бо намояндагиҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар тамос ҳастанд.