Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

COVID – 19 дар Хуҷанд ҷои таблиғи ширкатҳоро мегирад-аксҳо

Дар калонтарин кӯчаву гузаргоҳҳои шаҳри Хуҷанд ба ҷои тоблӯи тарғиботии ширкатҳо, овезаҳои марбут ба бемории коронавирус насб карда шудааст. Ин кор бо мақсади огоҳии сокинон аз хатари сироятёбӣ ба пандемияи COVID – 19 анҷом дода мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 июл – Sputnik. Акрамҷон Нурбоев, иҷрокунандаи вазифаи сардори қитъаи ободонии Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагию манзилии комуналии шаҳри Хуҷанд, гуфт, ҳоло дар ду кӯчаи марказии шаҳр чор тоблӯи инъикоскунандаи пешгирии пандемияи COVID –19 ҷой намуда, азм доранд дар кӯчаҳои дигар низ чунин овезаҳоро насб кунанд. 

COVID – 19 дар Хуҷанд ҷои таблиғи ширкатҳоро мегирад-аксҳо

“Ҳоло дар кӯчаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ ва Рифат Ҳоҷиев, ки гаштугузори одамон дар ин ҷойҳо зиёдтар аст, тоблӯҳои тарғибкунандаи пешгирӣ аз бемории коронавирус, насб карда шудаанд. Дар кӯчаҳои маҳаллаи 20-уми шаҳр ҳам, ки макони гаштугузори зиёди донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳҳо ба ҳисоб меравад, насби чунин овезаҳо дар назар аст”, - гуфт Нурбоев дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.

Падари Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз бемории шадид даргузашт

Дар шаҳри Хуҷанд ҳудуди 100 адад тоблӯҳои тарғиботӣ мавҷуданд, ки ба ҳисоби насби шиорҳои тарғибкунандаи давлатдории миллӣ аз қабили Ваҳдат, Истиқлолият ва Конститутсия инчунин молу маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ насб карда шудаанд. Бино ба гуфти ин масъули Идораи ободонии Хуҷанд, насби тоблӯҳои марбут ба бемории коронавирус ба ҷои тоблӯи рекломавии ширкатҳо бо супориши Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд ва ҳамзамон раиси Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID -19 дар ин шаҳр сурат гирифтааст.

“Рекломаи ширкатҳо метавонанд баъди даҳ рӯз ё як моҳ иваз шаванд, вале ҳоло барои часпонидани баннерҳои инъикоскунандаи мавзӯъи COVID – 19 маҳдудият муқаррар нашудааст ва онҳо то замони номуайян то даме, ки боду борон онҳоро хароб накунад, иваз карда намешаванд”,- гуфт Нурбоев.

COVID – 19 дар Хуҷанд ҷои таблиғи ширкатҳоро мегирад-аксҳо

Кишвари Тоҷикистон барои аввалин бор дар рӯзи 30-уми апрели соли ҷорӣ аз сабти 15 мавриди бемории навъи COVID – 19 хабар дод. Бино ба оморе, ки бегоҳии дирӯз 2-уми июл Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 6058 нафар баробар шудааст. То санаи зикргардида дар мамлакат 4690 (77,4%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 52 нафар фавтидаанд. Ҳоло масъулини ниҳодҳои давлатӣ дар бораи хисороти чашмрас аз хуруҷи ин беморӣ ба соҳаҳои иқтисодии кишвар таъкид мекунанд.