Боздошти Азаматуллои 22 сола барои ғорати хонаи ошнояш

Мақомоти пулиси ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аз боздошти як ҷавон хабар медиҳанд, ки дар ғорати хонаи шиносаш муттаҳам мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Бино ба гузориши дафтари матбуотии ВКД дар пайи муроҷиати ҷабрдида ва корҳои оперативӣ Шарипов Азаматуллои 22 сола сокини шаҳри Ваҳдат барои дуздӣ боздошт гаштааст.

Дуздӣ дар меҳмонӣ: боздошти ҷавоне, ки 80 ҳазори соҳибхонаро гирифту ғайб зад

Вазорати корҳои дохила мегӯяд,  ҳодисаи дуздӣ санаи 17 июн соли ҷорӣ ба амал омадааст.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда барои ба даст овардани маблағ вориди хонаи шиносаш воқеъ дар маҳаллаи Ховарони пойтахт шуда, пулҳои ӯро рабудаас.

Манба мегӯяд, маълағи дуздидашуда беш аз 153 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, боздоштшуда бо соҳибхона робитаи дӯстӣ доштаанд.

ВУД мегӯяд нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ оғоз гашта, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.