ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Бино бар иттилои мақомоти вилояти Суғд, то 1 июни соли равон 40 корхонаю коргоҳи нави истеҳсолӣ бо фарогирии 574 ҷойи корӣ ба фаъолият шурӯъ кард.
Корхонаҳои нав, асосан, дар соҳаҳои саноати сабук, химия, масолеҳи бинокорӣ ва хӯрокворӣ таъсис ёфта, бозори дохилиро бо маҳсулоти истеҳсоли ватании воридотивазкунанда таъмин месохтаанд.
Тавре Музаффар Юнусов, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфтааст, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ба 5,6 миллиард сомонӣ расонда шуд, ки 116,1 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
“Таваҷҷуҳи асосии масъулони соҳа ба тавлиди маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ равона гашта, дар ин давра 432,3 ҳазор тонна семент истеҳсол гардид ва қисми асосии он ба давлатҳои ҳамсоя фурӯхта шуд. Ба маблағи умумии 83,1 миллион доллар консентрат ва маъдан содирот гардид”, - гуфт вай.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки истихроҷи ангишт дар конҳои вилоят ба 525,2 ҳазор тонна расонда, корхонаҳои коркард ва бандубасти меваи хушки вилоят дар ин давра 2841,4 тонна меваро коркард, корхонаҳои консервбарорӣ 3,3 миллион қуттии шартӣ консерв истеҳсол карданд.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми истеҳсоли орд низ ба 215 ҳазор тонна расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114,8 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Ба андозаи 82,7 миллион сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,2 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 108,1 дарсадро ташкил медиҳад.
Ҳоло бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии ҷумҳурӣ дар вилоят истеҳсоли як қатор маҳсулоти муҳофизатӣ ба роҳ монда, дар панҷ моҳ 3,9 миллион дона ниқоби тиббӣ, 8534 адад либоси махсуси тиббӣ ва 277,6 ҳазор дона маҳлул барои беҳдошти шахсӣ (антисептик) истеҳсол шудааст.