ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷӣ аз парвози вижаи ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" барои бозгардонии тоҷикистониён аз Урупо хабар медиҳад.
"Ба таваҷҷуҳи ҳамватанони муқими кишварҳои Аврупо ва Америка мерасонад, ки ба мақсади баргардонидани шаҳрвандони кишвар тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 июли 2020 танзими парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар масири Франкфурт - Душанбе ба нақша гирифта шудааст", - омадааст дар хабарнома.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид карда, ки шаҳрвандони хоҳишманд бояд пешакӣ худро ба қайд гиранд.
"Барои бақайдгирӣ ба намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Аврупо ва Америка муроҷиат намоед", - таъкид кардааст ВКХ ва суроғаю почтаҳои электронии сафоратҳои Тоҷикистон дар кишварҳои Урупо ва Амрикоро дарҷ кардааст.
Сатторов: 3 000 тоҷикистонӣ хоҳиши парвоз аз Русия ба Тоҷикистонро доранд
Дар баробари ин манбаъ рақамҳои телефонии сафоратҳоро овардааст, ки хоҳишмандон метавонанд барои маълумоти бештар бо онҳо дар тамос шаванд.