ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Кормандони Вазорати умури дохилӣ дар Душанбе зани 55-соларо ба иттиҳоми дуздӣ дастгир карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти ниҳод хабар медиҳад.
Тавре ВУД менависад, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст.
Дар аризаи мазкур гуфта мешавад, ки "моҳи июни соли 2020, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиам даромада, аз он ҷо 7 ҳазору 600-доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд".
"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 55-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.