Ифтитоҳи коргоҳи нави ҳасиббарории ширкати “Азизи” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Президенти кишвар коргоҳи нави ҳасиббарории “Ширкати Азизӣ”ифтитоҳ ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2018 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд анҷом ёфтааст.

Идомаи сафари кории Президент ба Суғд: Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд расид

“Эмомалӣ Раҳмон ташкили коргоҳро дар коҳиш додани маҳсулоти воридотӣ муҳим арзёбӣ намуданд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Гуфта шудааст, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон бунёди беш аз 20 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 8 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст.

Иқтидори ин коргоҳ дар як шабонарӯз аз 800 то 1000 килограмм маҳсулотро ташкил медиҳад. Корхона бо маҳсулоти нотайёри дохилӣ айни ҳол 40 навъи ҳасиб истеҳсол менамояд.

Бояд зикр намуд, ки ширкати мазкур ба бозори истеҳсоли ҳасиби Тоҷикистон аз соли 2015 ворид шуда, дар ин муддат бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва рақобатпазир тавонист дар бозор мавқеи худро пайдо намояд.

Манбаъ таъкид дошт, ки пешравиҳои ин ширкат махсусан пас аз имтиёзҳои андозиву гумрукӣ Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи парандапарварӣ  сурат гирифт ва фаъолияти ин ширкат чун дигар корхонаҳои ин тақвият ёфт.

"Аз ҷумла барои бо нархи дастрас таъмин намудани истеҳсолоти дохилӣ бо ашёи хом, яъне гӯшти мурғ, моҳи марти соли равон дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як фермаи парвариши мурғи гӯштиро фаъол гардониданд. Ин имкон медиҳад, ки коргоҳи ҳасиббарорӣ дар ҳамаи фаслҳои сол бо ашёи хом таъмин бошад”, - таъкид дошт манбаъ.

Ҳамзамон дафтари матбуоти раисҷумҳур қайд кардааст, ки дар доираи дастгириҳои давлатӣ ва бо истифода аз имтиёзҳои муқарраргардида, масъулони ин ширкати истеҳсолӣ ҳамчунин фабрикаи парвариши мурғи тухмдеҳро низ ба истифода доданд.

Гуфта мешавад, ки акнун пас аз ба тухм даромадани чӯҷаҳо, як қисми маҳсулот барои истеҳсоли ҳасиб истифода мешавад, қисми дигарашро ба бозори истеъмолӣ мебароранд.