ДУШАНБЕ, 2 июл – Sputnik. Фахриддин Сироҷов, роҳбари “Саманд” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин коргоҳи тавлидотии онҳо дар заминаи маблағгузории Фабрикаи пойафзолдӯзии шаҳри Магнитогорски Русия таъсис дода шудааст.
“Аз соли 2010 инҷониб мо, бо Фабрикаи пойафзолбарории шаҳри Магнитогорск ҳамкорӣ мекунем. Соли 2016 дар заминаи ин ҳамкорӣ ба ин натиҷа расидем, ки Коргоҳи пойафзолдӯзиро дар шаҳри Исфара дуруст кунем ба ин хотир, ки ҳунари кафшдӯзӣ дар Тоҷикистон гум нашавад ва ҳам ҷои корӣ фароҳам шавад. Имрӯз бо ин ният корро шурӯъ намудем”, - гуфт Сироҷов.
Бино ба иттилоъи манбаъ, аз ҷониби Фабрикаи пойафзолбарории шаҳри Магнитогорск (МОФ) барои оғози фаъолияти коргоҳи кафшдӯзии шаҳри Исфара бештар аз 230 ҳазор сомонӣ саромягузорӣ сурат гирифта, дар назар аст оянда ҳаҷми он то ба 500 ҳазор сомонӣ расонида шавад.
Ҳоло дар Коргоҳ истеҳсоли кафш дар шаҳри Исфара 25 нафар имкони бо шуғл фаро гирифтанро дарёфт карда, бо талоши масъулин шумори коргарон то ба 200 нафар ва ҳаҷми истеҳсоли кафш то ба 15 ҳазор ҷуфт бо навъҳои гуногун барои кӯдакон ва калонсолон расонида хоҳад шуд.
Фахриддин Сироҷов гуфт, ҳоло кафшҳое, ки барои кӯдакони 1 то 6 сола ва хонандаҳои мактаб истеҳсол мешаванд, муди ё модели онҳоро худ коркард мекунанд. Ҳама намуд ашёъи хом, барои коргоҳи онҳо аз кишвари Русия ворид карда мешавад.
Сифати молҳои Русия аз Хитой баландтар аст
“Ашёи хоме, ки мо аз Русия мебиёрем назар ба пойафзолҳои сохти хитоӣ бамаротит босифаттаранд. Инро худи хариддорон ҳам пай бурданд. Гузашта аз ин мо дизайнер дорем ва онҳо ҳамроҳи ширкатҳои Русия дар якҷоягӣ сари муди кафш кор мекунанд. Мо ҳамеша кӯшиш мекунем, ки намуди кафши истеҳсол мекардаи мо барои кӯдакон зебанда ва барои волидонашон диққатҷалбкунанда бошад”, афзуд Сироҷов.
Роҳбари “Саманд” дар посух ба суоли мо, дар бораи арзиши кафшҳо посух дод. Ӯ гуфт, нархи як пойафзоли чармини кӯдакона 70-80 сомонӣ буда, вобаста ба андоза ва масрафи чарм (кожа) он 90 сомонӣ муқаррар шудааст.
“Фома”, “Беги” ва “Унтоваленки” аз берндҳои машҳури Фабрикаи пойафзолбарории шаҳри Магнитогорски Русияанд, ки солҳо ба ин тараф дар бозору мағозаҳои кафшфурӯшӣ мизоҷони худро доранд ва ҳоло “Саманд” и тоҷикӣ ҳам дар радифи онҳо муштариёни худро дар дохил ва хориҷи кишвар пайдо кардааст.
Табиб хатарноктарин пойафзолҳои тобистонаро барои пой гуфт
Фахриддин Сироҷов гуфт, бренди онҳо баргирифта аз номи аспест, ки басо бодпою боркаш ва боғайрат, яъне аспи Саманд. Ва кафшҳои “Саманд” ҳам аз лиҳози сифат бадошту ҳам зебо духта мешаванд.