“Рӯзи бузург”: сафир дар бораи тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Русия

Сафири Русия дар Тоҷикистон рӯзи раъйгирӣ барои тағйироту иловаҳо ба Конутитутсияи кишварашро як “рӯзи бузург” хонд, ки тақвияти давлатдории Русияро дар пай хоҳад дошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Игор Лякин – Фролов, ки дар мақарри сафорати Русия дар Тоҷикистон бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Русияро тағйироти саҳеҳ унвон карда, гуфт, шаҳрвандони кишвараш дар Тоҷикистон алоқаи зиёде ба раванди раъйгирӣ дар мавриди онҳо доранд.

Путин ба ислоҳоти конститутсионӣ дар Русия овоз дод

"Барои мо ин як рӯзи бузург аст. Ин тағйирот моҳиятан дурустанд, зеро мо қарорҳоеро тасвиб мекунем, ки бо ҳадафи тақвияти давлатдории Русия, меъёрҳои ҳуқуқӣ, фаъолиятҳои кишвари мо, таъйиду тақвияти суннатҳо ва одобу русуми мавҷуд дар қаламрави Русия, чӣ барои мардуми рус ва чӣ барои дигар миллатҳо, ки дар қаламрави Федератсия Русия зиндагӣ мекунанд, таҳия шудаанд”, - гуфт Игор Лякин – Фролов.

Вай алоқаи шаҳрвандони Русияи муқими Тоҷикистонро ба ин рӯйдод низ ишора кард.

"45% аз раъйдиҳандагон 5 рӯз қабл аз 1 июл дар қаламрави Федератсияи Русия раъй доданд. Ин як шохиси бисёр боло аст. Ман мутмаин ҳастам, ки ин шохис имрӯз ба мизони қобили таваҷҷуҳе афзоиш меёбад ва болотар аз ин хоҳад буд", - афзуд Игор Лякин-Фролов.

Худро муҳтоҷ вонамуд мекунанд: тасмими пулиси Хуҷанд барои поксозии шаҳр аз талбандагон

Дар Тоҷикистон барои раъйгирӣ дар мавриди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Федератсияи Русия шаш маркази интихоботӣ дар чаҳор шаҳр - Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Норак, дар қаламрави сафорати Русия, консулгарии генералӣ ва пойгоҳи низомии 201 - и Русия фаъолият мекунанд. Байни 25 июн ва 1 июл аллакай беш аз 3500 шаҳрванди Русия қаблан раъй додаанд. Инҳо сарбозони пойгоҳи 201, иншооти "Окно" дар Норак, намояндагони идороту созмонҳои Русия дар Тоҷикистон ҳастанд.

Равиши раъйгирӣ мутобиқ бо талаботи меъёрҳои беҳдоштӣ ва эпидемиологӣ дар замони пандемия анҷом мешавад. Ба раъйдиҳандагон иттилоъ дода мешавад, ки ҳатман аз ниқобу дасткаши пизишкӣ истифода кунанд.