Путин ба ислоҳоти конститутсионӣ дар Русия овоз дод

Президент Владимир Путин дар овоздиҳии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироти конститутсионӣ дар Русия ширкат варзид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия ба ҳавзаи интихоботии №2151 воқеъ дар  Академияи илмҳои Русия ҳозир шудааст, ки тибқи анъана ӯ ҳамеша дар интихоботи сатҳҳои гуногун дар ин ҷой овоз медиҳад, хабар додааст, РИА Новости.

“Рӯзи бузург”: сафир дар бораи тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Русия

Ба иттилои манбаъ, президент соати 10:57 ба ҳавзаи раъйдиҳӣ омад.

Гуфта мешавад, президент бидуни дастпуш ва ниқоби тиббӣ вориди бино шуд, аммо, бино пеш аз овоздиҳӣ безараргардонӣ шуда буд.

Чоршанбе, 1 июл, рӯзи асосии овоздиҳии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Федератсияи Русия мебошад.

Раъйпурсии умумирусиягӣ дар мавриди ислоҳот дар Қонуни асосии Федератсияи Русия барои 22 апрел барномарезӣ шуда буд, аммо ба далели бемории ҳамагири “вируси корона” дар кишвар ба таъвиқ афтод.

Баъдан Владимир Путин, раисҷумҳури Русия фармони таърихи нави раъйгириро барои 1 июл имзо кард. Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти эпидемиологӣ ва эминии ҷамъият тасмим гирифта шуд, ки мардуми Русия битавонанд дар кулли ҳафта - аз 25 июн то 1 июл - раъй диҳанд.

Раъйгирии хос дар Душанбе: таҳти қавоиди шадиди гигенӣ ва ҳавои гарм

Қаблан КМИР гуфт, ки 49,6 миллион овоздиҳанда дар раъйдиҳӣ, аз ҷумла ба таври фосилавӣ, иштирок карданд. Тибқи оморҳои охирин, то соати 12:00 ширкати аҳолӣ дар овоздиҳӣ 57,43 фоизро ташкил медиҳад.