Озмуни ёдбуди Стенин овоздиҳиро барои истифодабарандагони интернет оғоз мекунад

Ҳадафи озмун дастгирии ҷавонон ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба чолишҳои фотожурналистикаи муосир мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Тибқи анъана дар муаянсозии беҳтарин кори иштирокдорони озмуни ба номи Андрей Стенин—2020 корбарони интернет низ иштирок карда метавонанд, ки барои онҳо овоздиҳӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ дар сомонаи озмун нашр шудааст.

Озмуни аккосии ёдбуди Андрей Стенин рекордшиканӣ мекунад

Барои иштирок дар овоздиҳии онлайн, шумо бояд дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ: ВКонтакте, Facebook, Twitter ё нармафзори чинӣ Weibo дошта бошед. Овоздиҳӣ то соати 23.59 (бо вақти Маскав) 31 июл кушода аст. Ғолиби овоздиҳии онлайн дар авоили моҳи август эълон хоҳад шуд ва муаллифи аксҳои маъмул дар Интернет дипломи озмунро хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи баргузоркунандаи озмуни ба номи Андрей Стенин, роҳбари лоиҳаҳои визуалӣ дар МИА "Россия сегодня" Оксана Олейник, овоздиҳии интернетӣ ба аудиторияи онлайнӣ имконият медиҳад, ки бо хулосаи коршиносону доварони байналхалқӣ баҳс кунанд.

"Имрӯз, вақте ки ҳама метавонанд ба таври оддӣ ба воситаи пахш кардани тугмаи камера дар дастгоҳи мобилӣ акс бигиранд, бисёр одамон дар бораи акс доварӣ мекунанд ва аксар вақт - бо дониш ва диди хуб. Озмуни мо беҳтаринҳоеро интихоб менамояд, ки дар ҷаҳони фотожурналистикаи муосири ҷаҳонӣ мавҷуданд ва ба мо бениҳоят аҷиб аст, ки интихоби озмунро аз тарафи тамошобин, ки барои онҳо аксҳо сохта шудаанд, баҳо медиҳад”,-гуфт Олейник.

Гуфта мешавад барандагони озмун моҳи сентябр дар сомонаи stenincontest.ru | stenincontest.com эълон шуда, баъдан намоиши кори барандагон доир мешавад.

Ба гуфтаи Оксана Олейник, кадом навъи кор барои аудиторияи интернет дурахшонтарин ва муҳимтарин аст - овоздиҳии онлайнӣ нишон хоҳад дод.

“Мо ҳама ҳавасмандони аксбардориро даъват менамоем, ки дар он ширкат варзанд ва мунтазири натиҷаҳои он бошанд! ", - гуфт Олейник.

Озмуни байналмилалии фотожурналистии ёдбуди Андрей Стенинро хабаргузории байналмилалии "Россия сегодня" бо ҳамкорӣ ва сарпарастии Кумисюни Русия дар умури ЮНЕСКО баргузор мекунад. Ҳадаф аз баргузории он пуштибонӣ аз фотожурналистҳои ҷавон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба вазифаҳои фотожурналистика дар ҷаҳони имрӯз аст.

Ин озмун майдоне барои ҳунарнамоии хабарнигорону аккосҳои ҷавон аст, ки истеъдод доранд ва ҳар падидаеро бо диде навҷӯёна менигаранд ва рухдодҳоро бо тасвир ба намоиш мегузоранд.

Шарикони байналмилалии ВАО-и озмун: агентии хабарӣ ва радиои Sputnik, агентии иттилоотии Askanews, медиахолдинги Independent Media, агентии хабарии Notimex, агентии иттилоотии ANA, шабакаи телевизион ва сомонаи RT, Shanghai United Media Group (SUMG), сомонаи рӯзномаи интернетии China Daily, сомонаи интернетии The Paper, шабакаи расонаҳои Al Mayadeen, агентии хабарии Prensa Latina, агентии хабарии News1, сомонаи хабарии DBW, пойгоҳи хабарии Brasil247.

Ҳамчун шарикони соҳа озмунро дастгирӣ мекунанд: Маҷаллаи National Geographic Россия, портали Russian Photo, портали Photo-study.ru, мактабӣ аккосии “Академияи аксбардорӣ”, портали иттилоотӣ YOung JOurnalists, маҷаллаи Fotoargenta, клуби фотожурналистикаи Ню-Дели, маҷаллаи Enfoque Visual, маҷалла LF Magazine, сайти шарики байналмилали шарик - фестивали PhotON.