Ожонси зидди фасод раиси хоҷагии деҳқониеро барои заминфурӯшӣ боздошт кард

Ожонсии зиддин фасоди Тоҷикистон аз боздошти як раиси хоҷагии деҳқонӣ хабар медиҳад, ки дар фурӯши ғайриқонунии замин муттаҳам мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Ожонсӣ Тоҳир Абдиев Ашӯралиевич дар вазифаи Раиси хоҷагии деҳқонии ба номи “Э.Умаров”-и ноҳияи Деваштич кор карда истода, солҳои 2016-2020 ба чунин амал даст задааст.

Созиши ҳукумати ноҳияи Ашт бо рӯзноманигор баъди додгоҳӣ шудани баҳс сари замин

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда аз шаҳрванд Нишонов Ф.Р. бо роҳи қаллобӣ, яъне барои ҷудо намудани 10.27 га. қитъаи замин дар якчанд ҳолат маблағи 28800 сомонӣ гирифта, онро тасарруф намудааст.

Ожонсӣ мегӯяд, вобаста ба ин ҳолат нисбати Абдиев Т.А. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Ёдовар мешавем тибқи қонунгузории Тоҷикистон харид ва фурӯши замин манъ буда, ашхосе, ки ба чунин кор даст мезананд ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.