Мағозаи Бороновро оташ назадаанд: ВКД сабаби сӯхтор дар Данғараро гуфт

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сӯхтори мағозаи соҳибкор Сафаралӣ Бороновро, ки шаби гузашта дар ноҳияи Данғара рух дод, шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik.Тибқи иттилои ВУД, шаби 30-юми июни соли 2020 соати 23:45 дақиқа дар мағозаи хӯроквории кӯчаи Зебуниссои ноҳияи Данғара, ки ба соҳибкор Боронов Сафаралӣ, зодаи соли 1983, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Данғара тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омад.

Гармии тоқатфарсою навбатпоӣ: раъйдиҳӣ барои ислоҳоти сарқонуни Русия дар Душанбе

Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонон дар масоҳати 9 метри мураббаъ дохили мағозаро оташ фаро гирифта буд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ сӯхтор дар масоҳати аввалааш дар кӯтоҳтарин фурсат ба пурагӣ хомӯш карда шуд, афзуд манбаъ.

Мақомот мегӯянд, дар пайи ташхис муайян шуд, ки сабаби сӯхтор вайрон намудани талаботи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи яхдон буда, гунаҳгори ҳодиса худи соҳибкор Боронов Сафаралӣ мебошад.

ВУД хисороти сӯхторро 4 ҳазору 650 сомонӣ овозаҳои паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоиро дар бораи гӯиё қасдан оташ задани мағозаро беасос хондааст.