ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Ожонси Оқохон оид ба макони зист дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба шаҳри Бохтар барои пурзӯр намудани чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ маводи безарарсозӣ ва сӯзишворӣ дастрас кард, хабар дод Носирҷон Маъмурзода, мудири Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.
"Маводи мазкур аз 1000 кг хлор, 1000 дона даҳонбанд (истифодаи яккарата), 500 адад либоси махсуси муҳофизатӣ, 1000 ҷуфт дастпӯшакҳои латексии ностерилӣ, 500 дона ниқоби распираторӣ - FFP 2 (истифодаи бисёркарата), 1000 дона мањлули антисептикии яклитра, 320 дона кӯрпа, 320 дона матрас, 5 адад дег, 5000 литр бензин ва 5000 литр сӯзишвории дизелӣ иборат аст", - омадааст дар иттилоияи нашркардаи котиботи ҳукумати Хатлон.
Манбаъ афзуд, маҳсулоти тақдимшуда дар тадбирҳои пешгирикунандаи интиқол ва пайдоиши сирояти нави короновирус, COVID-19, ки дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят амалӣ хоҳанд шуд, мавриди корбурд қарор хоҳад гирифт.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст, ки чунин кумакҳо аз ҷониби Ожонси Оқохон ба шаҳру навоҳии дигар, аз ҷумла вилояти Суғд низ расонда шуданд.