“Корона” ё Канада, ё ҳарду? Шаҳрвандони Афғонистон Тоҷикистонро тарк карданд

Тоҷикистон бори дигар иҷоза дод, ки як гуруҳи бузурги шаҳрвандони Афғонистон марзҳои ин кишварро тарк кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Як манбаъ дар сафорати Афғонистон дар Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рӯзҳои душанбе ва сешанбе ба теъдоди 94 тан аз афғонҳое, ки ба далели густариши “вируси корона” ва масдуд шудани марзҳои заминиву ҳавоии миёни ду кишвар гир монда буданд, дар ҳузурдошти ҳайати муваззафи сафорат ва мақомоти зидахли Тоҷикистон аз гузаргоҳи марзии Панҷи Поён ба Шерхон Бандар гузаштанд.

Рустами Эмомалӣ хостори тағйироти кадрию корӣ дар парлумон шуд: муҳлат – 1 моҳ

“Ҳамчунон сафорати куброи Ҷумҳурии исломии Афғонистон аз афғонҳои муқими Тоҷикистон, ки визаҳояшон қаблан такмил шуда ва хоҳони баргашт ба ватан мебошанд, то рӯзи чаҳоршанбе фурсат доранд, ки бидуни тамдиди виза аз марзи Шерхон Бандар убур ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намоянд. Баъд аз ин таърих бидуни ахзи виза наметавонанд аз хоки Тоҷикистон хориҷ гарданд”, - гуфт ин манбаъ.

Абдумусаввир Баҳодурӣ, роҳбари ҷамъияти "Ориёно", созмони муҳоҷирини Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯяд, дар миёни афроде, ки ба ватан баргаштанд, панҷ хонаводаи муҳоҷирин аз ноҳияи Рӯдакиву Ваҳдат ва бақия донишҷӯву онҳое ҳастанд, ки барои тамошову табобат ба Тоҷикистон омада буданд. “Хонаводаҳо ва афроди муҷарраде ҳам буданд, ки мехостанд тариқи созмонҳои байнулмилалӣ ба Канада ҳиҷрат кунанд, аммо аснодашон такмил нашуд ва як идда ҳам ба далели хатми муҳлати виза дигар наметавонистанд дар Тоҷикистон бимонанд”, - гуфт Абдумусаввир

“Рӯзи бузург”: сафир дар бораи тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Русия

Баҳодурӣ ба Sputnik Тоҷикистон. Тибқи иттилои ҷамъияти "Ориёно", дар Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор муҳоҷирини афғонистонӣ асосан дар шаҳри Ваҳдат, бақия дар вилоятҳои Хатлону Суғд, навоҳии Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Душанбе сукунат ихтиёр кардаанд ва умдатан бо дӯкондорӣ, мардикорӣ, сохтмон, таъмири мошин, таксиронӣ ва дигар касбу кор машғуланд. Бино ба ин манбаъ, дар замони гирудорҳо бо “вируси корона” ҳудуди 20 муҳоҷири афғон дар Тоҷикистон, ки аз 55 то 80 сол син доштанд, аз маризиҳои мухталиф ҷон ба ҷонофарин таслим кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, ин гуруҳи дуввуми шаҳрвандони Афғонистон аст, ки бидуни визаи хуруҷӣ ва иҷозаи ҳукумати Тоҷикистон ба ватани худ бармегарданд. Рӯзҳои 20 – 21 май 250 шаҳрвандони Афғонистон қаламрави Тоҷикистонро тарк карда буданд. Тоҷикистон сар аз 16 марти соли равон охирин гузаргоҳҳои марзиаш бо Афғонистон – "Панҷи поён" – ро баст. Марзҳои ду кишвар то замони номаълум дигарбора баста хоҳанд монд.